Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб
.2023 , ноҳияи Варзоб
8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.
Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеъи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад
.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро муаррифӣ карданд.
Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.
Бояд гуфт, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвари зебову ҳамешабаҳор аз минбарҳои олии ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва табиати зебо, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона ва неъматҳои моддии сарзамини аҷдодии мо аз наздик шинос ҳастанд.
Табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати сайёҳони хориҷро ба худ ҷалб менамояд.
Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баъди тамошои табиати нотакрори қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб аз манзараҳои дилкашу обҳои мусаффо ва ҳавои тоза таасуроти нек бардоштанд.
Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30848?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter