Мулоқот бо Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар
.2023
шаҳри Душанбе
6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудааст, баланд арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки тайи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бонки Исломии Рушд дар кишвари мо силсилаи лоиҳаҳои муҳимро амалӣ гардонидааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз шашсаду бист миллион долларро ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз бӯҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, муҳокима намуданд.
Мусоидат ба рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, иншооти соҳаи энергетика, барқарорсозии низоми обёрӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои дигари ҳамкории судманди ду ҷониб номида шуд.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30049?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter